Ҳодиса
Халта бар сар. Чаро раиси ҷомеаи тоҷикони Самара аз Русия ронда мешавад?

Додгоҳи ноҳияи Советии шаҳри Самараи Русия ҳафтаи гузашта роҳбари маркази тоҷикон – "Пайванд" Саидасрор Мирзоевро ба риоя накардани қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор ва ба ихроҷ аз қаламрави ин кишвар маҳкум кард. Пайвандон ва вакили мудофеи ӯ мегӯянд, парванда беасос буда, бо талоши "як гурӯҳи тоҷикони манфиатхоҳ" дуруст шудааст.
Дар қарори додгоҳ гуфта мешавад, Мирзоев эътироф кардааст, ки ба қонуншиканӣ роҳ додааст, яъне мебоист қаламрави Русияро тарк мекард, аммо аз он берун нарафт. Ҳам наздиконаш ва ҳам баъзе аз расонаҳои русӣ изҳори ҳайрат мекунанд, ки Саидасрор Мирзоев аз соли 1993 инҷониб шаҳрванди Русия аст ва ҳеч гуна муҳлати муайяни будубош нисбат ба ӯ татбиқ шуда наметавонист.
Дар додгоҳ гуфта шуд, ки Саидасрор Мирзоев гунаҳкор буданашро эътироф кард ва акнун ба ғайр аз ихроҷ ҳамчунин бояд 2000 рубл ҷарима супорад.
Ӯро ба поймол кардани қонуни будубош дар Русия айбдор карда, 2 ҳазор рубл ҷарима бастанд ва ба боздошгоҳи муваққатии Толятти фиристоданд. Аз он ҷо муҳоҷиронро ба Ватан мефиристанд.
Додгоҳ масъалаи шаҳрвандии Мирзоевро шарҳ надодааст, вале баъзе аз расонаҳои русӣ тахмин задаанд, ки ӯ шаҳрвандиро дар соли 1993 ғйриқонунӣ ба даст овардааст. Ин айбнома ахиран нисбат ба шуморе аз тоҷикони саршинос дар Русия ба кор бурда мешавад. Аз ҷумла, раиси ҷомеаи тоҷикони Русия Каромат Шарифов бо айни чунин айбнома аз Русия ихроҷ шуда буд.
Саидасрор Мирзоев ҳамчун раҳбари ҷомеаи тоҷикони Самара яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар ин қисмати Русия шумурда мешавад.
ХАЛТА БА САРИ РАҲБАРИ МАРКАЗИ ТОҶИКОНИ САМАРА
Довудҷон Мирзоев, бародари Саидасрор Мирзоев, рӯзи 29-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарашро кормандони ниқобпӯши ОМОН шаш рӯз пеш дар назди манзили зисташ боздошт ва латукӯб кардаанд.
"Ним соат пеш аз ҳодиса бародарам ба ман занг зад ва гуфт, "як таксӣ фирист, то аз хона ба база оям". Як таксирони шиносро фиристода, ба бародарам гуфтам, ӯ мунтазир аст. Пас аз чанд лаҳза ба база (манзур анбори мевафурӯшии рақами 3-и шаҳри Самара) як гурӯҳ кормандони ниқобпӯши ОМОН бо мошинҳои низомӣ сарозер шуданд. Хостам, ба бародарам дубора занг зада, гӯям, ки нирӯҳои ОМОН омаданд, аммо на ӯ ва на ронандаи таксӣ гӯширо нагирифтанд", -- нақл кард ӯ.
Мирзоев мегӯяд, пас аз чанде таксирон беҳолу бемадор пайдо шуда, хабар додааст, ки маъмурони ОМОН ӯ ва Саидасрор Мирзоевро боздошт ва сахт латукӯб карданд. Ӯро сар доданд, вале Саидасрорро ба боздоштгоҳ бурданд.
Довудҷон Мирзоев, бародари Саидасрор Мирзоев, гуфт, кормандони пулис аз ӯ танҳо хостаанд, Русияро тарк кунад ва дигар бознагардад.
Александр Паулов, вакили мудофеи Саидасрор Мирзоев, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шахси зери ҳимояаш пас аз латукӯб ва таҳдиди мақомот, ки ба баданаш сӯзандору задаанд, маҷбур шудааст, зидди худ дар додгоҳ шаҳодати бардурӯғ диҳад ва худро “шаҳрванди хориҷӣ” эътироф кунад.
Паулов мегӯяд, дар ҳукми додгоҳ гуфта намешавад ки Мирзоев шаҳрванди кадом кишвар аст, танҳо навишта шудааст, шахси хориҷӣ аст ва ҳозир аст ба Тоҷикистон баргардад.
Ба гуфтаи вакили мудофеъ, нисбат ба Мирзоев мақомот ягон айб эълон накардаанд, ба ҷуз аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. "Ӯро ба поймол кардани қонуни будубош дар Русия айбдор карда, 2 ҳазор рубл ҷарима бастанд ва ба боздошгоҳи муваққатии Толятти фиристоданд. Аз он ҷо муҳоҷиронро ба Ватан мефиристанд. Лекин зерҳимояи ман шаҳрванди Русия аст ва ба ҷуз аз шаҳрвандии Русия шаҳрвандии ҳеч кишвареро надорад", -- изҳор дошт Паулов.
"КОРИ ТОҶИКОНИ ХУДАМОН, ҲОҶИҲОИ ПУЛДОР"
Боздошти бародарашро Довудҷон Мирзоев кори дасти "як гуруҳ аз тоҷикони манфиатхоҳ" медонад, ки аз истодагарии Саидасрор Мирзоев барои дар дифоъ аз ҳуқуқи аробакашҳо норозӣ будаанд.
Ба гуфтаи Мирзоев, "дар база ё анбори рақами 3-и шаҳри Самара, воқеъ дар кӯчаи Сахаров, ки калонтарин базаи тиҷоратии вилоят ба шумор меояд, наздики 500 тоҷик кор мекунанд ва аксарашон аробакаш ҳастанд."
Ба иддаои ӯ, аробакашҳо рӯзе ҳудуди 1000 рубл кор мекунанд ва як гурӯҳ аз тоҷикони бонуфузи муқими Самара се сол боз талош доранд, аз онҳо ҳақ ситонанд, аммо Саидасрор Мирзоев монеи ин кор мешудааст. Довудҷон Мирзоев гуфт: "Ҳоло як гурӯҳ аз тоҷиконе пайдо шудаанд, ки худро соҳибмулк эҳсос мекунанд ва мехоҳанд, аз аробакашҳо ҳар рӯз пул ситонанд. Як ҷамъияти ғуломдорӣ ташкил карданӣ ҳастанд. Аммо Саидасрор Давлатович ба ин мақсади онҳо халал расонда, мегӯяд, ки ақаллан аробакашҳоро ғам надиҳед."
Мирзоев гуфт, номи тоҷиконеро медонад, ки ба кормандони мақомоти қудратии Самара ришва дода, хостаанд, бародари ӯро аз ин ҷо ронанд, аммо аз бурдани номи ин ашхос худдорӣ варзид. Вай танҳо гуфт, "ҳоҷиҳои пулдоранд".
ДАСТИ ВКД-И ТОҶИКИСТОН?
Пулиси шаҳри Самара дар як тамоси телефонии Радиои Озодӣ аз шарҳи ин қазия сарпечӣ кард. Намояндагони додгоҳ низ барои шарҳи қазия дастрас нашуданд.
Аммо, ба камияш ду нашрияи Русия навиштанд, ҳукми додгоҳ на танҳо ба эътирофи худи Саидасрор Мирзоев, ки ба гуфтаи вакилаш, таҳти фишор ба даст омадааст, балки ба ҳуҷҷатҳое асос ёфтааст, ки аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар умури мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ба мақомоти Русия расидаанд. Мавзуъ ва мундариҷаи ин санадҳо шарҳ дода нашудааст, вале гуфта мешавад, дар онҳо номи дигаре зикр гашта бошад ҳам, таҳқиқ нишон додааст, сухан дар бораи Саидасрор Мирзоев меравад.
Радиои Озодӣ талошҳояшро барои дарёфти шарҳи мақомоти тафтишотии Русия идома медиҳад ва ҳамзамон аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дархост мекунад, ҳуҷҷатҳоеро, ки бар пояи онҳо раиси ҷомеаи тоҷикони Самара боздошт ва маҳкум шудааст, шарҳ диҳад. Ин ҳам рӯшан нест, дар ҳоле ки ихроҷи Саидасрор Мирзоев аз тарафи додгоҳ ба Тоҷикистон маънои истирдод ё супурда шудани ӯ ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ватанашро дорад ё на?
Александр Паулов, вакили мудофеи Саидасрор Мирзоев гуфт, аз болои ин қарори Додгоҳи ноҳияи Советии Самара ба додгоҳи вилоятӣ, Кумитаи тафтишот ва додситонӣ шикоят кард ва талош дорад, шаҳрвандии Мирзоев барқарор ва бегуноҳии ӯ исбот шавад.
Акс ва нишониҳои Саидасрор Мирзоев ҳамчун узви Шӯрои ҷамъиятии Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар сомонаи ин ниҳод дида мешаванд, вале бо гузашти шаш рӯз сафорат қазияи боздошти Миирзоевро шарҳ надодааст.
Бунгоҳи хабарии “Тоҷинфо” менависад, "соли 2017 мақомоти Русия шаҳрвандии русии Каромат Шарипов, яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро бекор ва худи ӯро бо ҳавопаймои Маскав – Кӯлоб ихроҷ карданд. Каромат Шарипов баъди беш аз ду соли талоши бенатиҷаи бозгашт ба Русия моҳи майи соли ҷорӣ дар синни 57 вафот кард. Соли 2013 Сайфиддин Одинаев, роҳбари ҷамъияти тоҷикони Перм 11 моҳро пушти панҷара ба сар бурд. Бино ба иттилои “Тоҷинфо”, дар ҳоли ҳозир раҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Владимир низ дар боздошт қарор дорад.”
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
"Барои пули тӯй ба Русия мерафт, аммо дар тобут баргашт"

Деҳаи Зиракии ноҳияи Қубодиён дар ҷануби Тоҷикистон, панҷ рӯз боз мотамхонаро мемонад. Шаш сокини деҳа рӯзи 20-уми май дар роҳ ба Русия ва дар ҳудуди Қазоқистон ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ҷонашонро аз даст доданд. Панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштанд, ки аҳволи ду нафари онҳо вазнин гуфта мешавад. Дар назар аст, ки маросими видоъ бо ин афрод шоми 24-уми май ё субҳи 25-уми май дар зодгоҳашон ноҳияи Қубодиён баргузор шавад.
Назрулло Боқиев, яке аз муҳоҷироне буд, ки дар роҳ ба Русия ҳалок шуд. Ӯ ҳамагӣ 24 сол дошт ва аз миёни муҳоҷирони фавтида ҷавонтарини онҳо буд.
Эргаш Ёқубов, раиси деҳаи Зиракӣ 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, Назрулло се сол пеш падарашро аз даст дод ва ҳамроҳи модар ва як бародараш зиндагӣ мекард.
"Ин оила камбизоат ҳастанд ва зиндагиашон аз ҳисоби чорвопарварӣ ва муҳоҷират мегузашт. Назрулло ҳам баъди марги падар барои кор ба Русия рафта меомад,"-гуфт раиси деҳаи Зиракӣ.
Яке аз пайвандони Назрулло Боқиев ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷавон тирамоҳи имсол бояд оиладор мешуд. "Ният дошт, ки ба Русия рафта маблағи тӯйро кор кунад. Вале насибаш набудааст, имрӯз дар тобут баргашт. Аҳволи модараш хеле вазнин аст,"-афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Эргаш Ёқубов, раиси деҳаи Зиракӣ мегӯяд, ронанда ва 10 мусофири мошине, ки ба садама дучор шуданд, сокинони ҳамин деҳа буданд. Ба гуфтаи раиси маҳалла, ронанда ҳамсояи ӯ буд ва феълан зери назорати пулиси Қазоқистон будааст.
"Ҳамин қадар фаҳмидам, ки гӯё ронанда ба мусофирони мошин гуфтааст, ки монда шудам, каме хоб кунам, аммо мусофирон мегӯянд, ки то гузаргоҳи марзӣ ним соати дигар монд, мошинро рон. Ин ронанда 2-3 сол шуд, ки одамонро ба Русия бурда меовард,”-илова кард раиси деҳаи Зиракӣ.
Пулиси Қазоқистон ҳам пештар дар шарҳи ҳодиса гуфта буд, садама дар ду километрии гузаргоҳи марзии “Кайрок” рух додааст.
Раиси деҳаи Зиракӣ ба Радиои Озодӣ мегӯяд, дигар қурбониёни ин ҳодиса низ солҳо барои кор ба Русия мерафтанд. Баъзе онҳо, азҷумла Юсуф Солиҳов ва Фаёзиддини Солиҳзода писарони амак будаанд.
Дар садамаи рӯзи 20-уми май Аҳтам Каримови 36-сола, Назрулло Боқиеви 24-сола, Бахтигул Боқиеваи 40-сола, Юсуф Солиҳови 67-сола, Фаёзиддини Солиҳзодаи 35-сола ва Маҳмадюнус Аминзодаи 33-сола ҳалок шуданд. Акбарҷон Исмоилов, раиси Маркази ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва этникии тоҷикон дар Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадҳои муҳоҷирони ҳалокшударо 22-юми май тариқи мошин ба ноҳияи Қубодиён фиристоданд.
Эргаш Ёқубов, раиси деҳаи Зиракӣ мегӯяд, чанд рӯз аст, ки деҳаашон фазои мотам дорад. “Ҳама ғамгин аст, ки ин ҳодиса чихел рух дод. Осон нест дар як рӯз шаш ҷанозаро мебарорем.”
Дар деҳаи Зиракии ноҳияи Қубодиён қариб 10 ҳазор одам зиндагӣ мекунад.
Ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби гарон будани нархи билети ҳавопаймо, тариқи роҳҳои заминӣ ба Русия мераванд. Садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳҳои Қазоқистон дар гузашта ҳам рух додааст.
Панҷ қурбонии як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Дарвозро ҳанӯз ҷустуҷӯ доранд

Дар рӯдхонаи Панҷ ҷустӯҷуи ҷасади панҷ сокини Хоруғ, аз ҷумла тифли яксолае идома дорад, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-уми май дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки фоҷиа рӯзи 20-уми май дар қаламрави ноҳияи Дарвоз ва роҳи Душанбе-Хоруғ рух додааст.
Ба қавли вазорат, Ҳаким Гулзоров, ронандаи мошини “Тойота Ландкрузер” ҳангоми ҳаракат идораи мошинро аз даст додааст ва мошин ба рӯдхона афтодааст. Худи ронанда ва як мусофири дигар аз мошин ҷаҳида зинда мондаанд, бақияи мусофирон, ки дар байнашон як тифли яксола ва ду навраси 9 ва 10-сола буданд, ҷон додаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки ҷустӯҷуи ҷасадҳо идома дорад. Дар роҳҳои кӯҳистонӣ ва ноҳамвори Тоҷикистон, дар садамаҳои нақлиётӣ солона даҳҳо нафар ва гоҳо ду-се нафарӣ аз як хонавода кушта мешаванд.
ВКД: кӯдаке аз хунукназарии мураббӣ дар кӯдакистони Душанбе даргузашт

Дар Душанбе дар паи марги тифли дусола дар як кӯдакистони хусусӣ як масъули ин муассиса боздошт шудааст. ВКД Тоҷикистон рӯзи 21 май навишт, рӯзи 19 май дар кӯдакистони хусусии ҶДММ “Саволу ҷавоб” писарбачаи дусолае аз рахти хоб афтода ҷон додааст.
Ба унвонии Радиои Озодӣ навори видеоии рӯй додани фоҷеаи марги кӯдак дар кӯдакистони Душанбе дастрас шудааст, ки нашри он бо далелҳои ахлоқӣ ғайриимкон аст.
ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса "зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак дастгир карда шуд".
Исми ин зан оварда намешавад. Дар ҷузъиёти ҳодиса сомонаи ВКД менависад, ки 19-уми майи соли 2025, тахминан соати 13:05-дақиқа, ҳангоми иҷрои уҳдадорӣ ҳамчун мураббӣ хунукназарона рафтор намуда... дар вақти хоби кӯдакон онҳоро танҳо гузоштааст. Дар натиҷа "аз беэҳтиётӣ писарбачаи 2-солаи сокини пойтахт аз ошёнаи 2-юми рахти хоб афтида, аз гарданаш дар панҷараи рахти хоб овезон шуда ба ҳалокат расидааст".
Ба навиштаи ин сомона, салоҳиятҳои касбии ин зан ҳам дар мақоми мураббӣ хусусияти расмӣ надоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.
Муҳоҷире, ки се кӯдаки русро аз оташ наҷот дод, тоҷик будааст

Муҳоҷире, ки дар шаҳри Екатеренбурги Русия се кӯдакро аз коми оташ наҷот дод, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ин фард Сайвалӣ Шарифов мебошад.
Ба қавли манбаъ, Шарифов бегоҳи 14-уми май вақти ба дорухона рафтан шоҳиди сӯхтор дар ошёнаи якуми биное шуд.
Сайвалӣ Шарифов гуфтааст, “садои фиғони кӯдаки хӯрдсолро шунида,” ба кӯмаки онҳо шитофт. Ин муҳоҷири тоҷик аввал як кӯдакро наҷот медиҳад ва баъд мефаҳмад, ки дар дохили хонае, ки оташ гирифтааст, боз ду кӯдаки дигар аст. Шарифов ду маротибаи дигар худро ба даруни оташ партофта, кӯдакони боқимондаро наҷот додааст.
Баъзе расонаҳои маҳаллии Екатеренбург аз ин амали Сайвалӣ Шарифов ситоиш кардаанд. Шарифов 32-сол дошта, 16 соли ахир ҳамчун боркашон кор мекардааст. Худи ӯ дар суҳбат бо намояндагони Вазорати меҳнат ва муҳоҷират гуфтааст, наҷоти кӯдаконро барои худ қарз медонист «ва ҳар касе, ки дар ҷойи ман бошад ҳамин гуна рафтор мекард.»
Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия шаҳрвандони маҳаллиро аз фалокат наҷот медиҳанд. Азҷумла соли 2024 Муҳаммадҷон Обидов, як ҷавони тоҷик дар Маскав тифли навзодро аз дасти марди рабоянда наҷот дод. Дар бораи ин ҳодиса ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаи "кӯдакрабоӣ" Кумитаи тафтишоти Русия ҳам хабар дод, вале тоҷик будани ӯро пинҳон кард.
Соли 2020 Ҳоҷимурод Қаландаров, як ҷавони тоҷик кӯдакеро аз ғарқшавӣ наҷот дода, вале худаш ҳалок шуд.
Расонаҳои Русия дар бораи қаҳрамонии муҳоҷирон хеле кам хабар медиҳанд.
Додситонӣ марги 8 афғонистониро дар ноҳияи Айнӣ таҳқиқ мекунад

Додситонии ноҳияи Айнӣ ба таҳқиқи марги 8 афғонистонӣ дар як кони ангишт шуруъ кардааст. Дар ин бора як манбаъ дар Хадамоти назорат дар соҳаи саноат ва куҳкорӣ 12-уми май ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ин манбаъ, танҳо баъди таҳқиқи додситонӣ ва муайян шудани сабабҳои ҳодиса, мақомот расман масъаларо шарҳ медиҳанд.
Дар бораи ҷон бохтани 8 коргари афғонистонӣ дар як кони ангишт дар ноҳияи Айнӣ, аввал шуда расонаҳои Афғонистон хабар доданд. Ба иттилои расонаҳои ин кишвар, ҳодиса баъд аз зуҳри 9-уми май рух додааст. Телевизиони миллии Афғонистон, ки зери назорати “Толибон” аст, рӯзи 10-уми май бо такя ба Раёсати омодагии мубориза бо ҳодисаҳои табии Толибон дар вилояти Дойкундӣ хабар додааст, ки ҳамаи қурбониён сокинони ҳамин вилоят ҳастанд.
Вебсайти ҳафтаномаи "8 субҳ" бо нашри аксҳои ин ҳашт нафар навишт, ки ҳодиса дар яке аз конҳои ангишти вилояти Суғд рух додааст.
Ба гузориши рӯзномаи "Иттилои руз", сабаби таркиш гази даруни кон будааст. Манбаи "Иттилои рӯз" гуфтаанд, ин коргарон барои як зерширкати "Фароз" кор мекарданд. На масъулини ширкати паймонкори афғонистонӣ ва на ҳамкорони тоҷикистониашон то лаҳзаи нашри ин хабар, дар ин робита ибрози назар накардаанд. “Фароз” ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ки соли 2020 эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Ҳарчанд таҳқиқоти журналистӣ нишон додаанд, ки ширкатҳои зертобеи "Фароз" ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса расман чизе намегӯянд.
Расонаҳо: ҳашт коргари афғонистонӣ дар Тоҷикистон ҷон бохтаанд

Расонаҳои Афғонистон бо такя ба мақомоти ҳукумати Толибон дар он кишвар хабар доданд, ки ҳашт коргари афғонистонӣ бар асари оташсӯзӣ (таркиш) дар яке аз конҳои ангишт дар шимоли Тоҷикистон, ҷон бохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон аз чунин ҳодиса изҳори бехабарӣ мекунанд.
Телевизиони миллии Афғонистон, ки зери назорати Толибон аст, рӯзи 10-уми май бо такя ба Раёсати омодагии мубориза бо ҳодисаҳои табииӣ Толибон дар вилояти Дойкундӣ хабар додааст, ки ҳамаи қурбониён сокинони ҳамин вилоят ҳастанд.
Бар пояи ин хабар, панҷ нафар аз ин қурбониён аз ноҳияи Шаҳристон, ду нафар аз ноҳияи Мир Омур ва як нафар аз ноҳияи Уштурлии вилояти Дойкундӣ буданд.
Вебсайти ҳафтаномаи "8 субҳ" бо нашри аксҳои ин ҳашт нафар навишт, ки ҳодиса дар яке аз конҳои ангишти вилояти Суғд рух додааст.
Сафҳаи рӯзноми "Иттилои рӯз" бо нашри аксҳои қурбониён аз онҳо Козим Бейгӣ, Абдуллоҳ Аҳмадӣ, Ҳасан Ализода, Ҳусейн Бахш, Муҳаммад Амир, Алиҷон, Қурбон ва Исмоил Раҳимӣ, ном бурд.
Як манбаъ ба рӯзномаи "Иттилои руз" гуфтааст, ки ҳодиса нимарӯзи ҷумъа, 9-уми май рух додааст. Ба навиштаи ин рӯзнома, ҳодиса дар як кони ангишсанг дар ноҳияи Айнӣ рух додааст. Манбаъ сабаби таркишро гази даруни кон хондааст.
"Иттилои рӯз" менависад, ки ҷасадҳои ин афрод субҳи шанбеи 10-уми май ба Афғонистон мунтақил шуд ва нимарӯзӣ ба вилояти Кундуз расидааст. Ин манбаъ афзуд, ки коргарони аҳли Афғонистон барои як ширкати паймонкори афғонистонӣ кор мекарданд.
Манбаи "Иттилои рӯз" аз масъулини ин ширкат "Раис Руҳуллоҳ" ва "Тақӣ Дилсӯз" ном бурда ва гуфтааст, ки онҳо бо як зерширкати "Фароз" ҳамкорӣ доранд. На масъулини ширкати паймонкори афғонистонӣ ва на ҳамкорони тоҷикистониашон то лаҳзаи нашри ин хабар, дар ин робита ибрози назар накардаанд. “Фароз” ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ки соли 2020 эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Ҳарчанд таҳқиқоти журналистӣ нишон додаанд, ки ширкатҳои зертобеи "Фароз" ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳанд.
Намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ рух додани чунин ҳодисаро тасдиқ накарданд. Як масъули ин идора 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳолати рух додани чунин ҳодисаҳо наҷотдиҳандагонро даъват мекунанд. "Ба мо ҳеч кас хабар надодааст,"-гуфт ин манбаъ.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин шаҳрвандони Афғонистон чӣ гуна ба Тоҷикистон омада ва ба кор истихдом шудаанд.
"Ин аз говсуд ҳам бадтар шуд." Эълони ҳукми ду гумонбар дар парвандаи куштори Конибодом

Ду сокини ноҳияи Масчоҳ бо иттиҳоми қатли як ҳамкорашон дар шаҳри Конибодом, ба 30 солии зиндон маҳкум шуданд.
Наздиконашон ҳукмро ноодилона хонда мегӯянд, пайвандони онҳо зери шиканҷа гуноҳи нокардаро ба уҳда гирифтанд ва додрас ҳам онҳоро ба мурофиа роҳ надод. Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов моҳи октябри соли 2024 бо иттиҳоми қатли Амрулло Боймирзоев боздошт шуданд.
Додгоҳи вилояти Суғд баъди қариб шаш моҳ баррасӣ ҳукми гумонбарон дар куштори Амрулло Боймирзоевро эълон кард. Ба ғайр аз ҷинояти куштор, Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов ҳамчунин ба роҳзанӣ ва содир кардани ҷиноятҳои ахлоқӣ низ гунаҳкор дониста шудаанд. Вале пайвандонашон аз ҳукм ва тарзи баргузории мурофиаҳо норозӣ ҳастанд.
Видеоро инҷо бинед:
Гулхумор Атовуллоева, модари Муслиҳиддин Фахруддинов ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо иҷозаи ширкат дар мурофиаро надоданд. “Гуфтанд, ки суд пӯшида мегузарад. Мо аз ин кор тамоман норозием. Ин аз говсуд ҳам бадтар шуд. Инҳо "мо кардагӣ не" гуфта истодаанд. Худам ҳамроҳаш вохӯрдам. Қасам хурд, ки "очаҷон, шири шумо додагӣ кӯрам кунад", - гуфт модари Фахруддинов.
Намояндагони Додгоҳи вилояти Суғд ва ҳам додситонии вилоят дар ин бора расман шарҳе надодаанд. Маълум нест, ки ду сокини ноҳияи Мастчоҳ бар асоси кадом далелҳо ба куштори як ҳамкорашон гунаҳкор эълон шудаанд.
Пештар волидайни Беҳзодҷон Холзода, гумонбари дигар дар ин куштор низ аз шиканҷа шудани фарзандашон дар идораи милисаи шаҳри Конибодом шикоят карда буданд. Муҳокимаи гумонбарон аввали моҳи декабри соли 2024 дар Хуҷанд шуруъ шуда буд. Додгоҳ то замони таҳқиқи иддао дар бораи шиканҷаи муттаҳамон ба ҷиноят, муҳокимаро боздошта буд.
Файзулло ва Малоҳат Холовҳо, волидони Беҳзодҷон Холзода чанд моҳ барои исботи бегуноҳии писарашон талош карданд, вале мегӯянд, ба натиҷае нарасиданд.
Малоҳат Холова, модари Беҳзодҷон Холзода ба Радиои Озодӣ гуфт, “латукӯб карда гуфтаанд, "ё кушторро ба гардан мегирӣ, ё мекушем". Ӯ гуфтааст, "Амрулло бародарам мешавад, ба ман некӣ кардааст, мо дар як ҷо калон шудаем". (Онҳоро) бисёр мезананд. Аз зӯрии дард маҷбур шудааст, ки ба дӯш гирад. Маҷбур кардаанд, ки ба коғазҳо имзо гузорад,”
Файзулло Холов, падари Беҳзодҷон Холзода даъво дорад, ки писараш аз тарс қасди ҷонаш кардааст, аммо ӯро ба беморхона бурданд. Назари мақомот ба ин ҳарфҳо маълум нест.
Куштори Амрулло Боймирзоев шаби 22 ба 23-юми октябри соли 2024 дар ҷамоати Патари Конибодом рух дод. Амрулло Боймирзоев, Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов дар корхонаи коркарди пахта дар ин шаҳр кор мекарданд. Онҳо дар як маҳаллаи ноҳияи Мастчоҳ бузург шуда, аз хурдсолӣ ҳамдигарро медонистаанд. Пайвандони Амрулло Боймирзоев дар бораи муносибат бо хонаводаҳои гумонбарон чизе намегӯянд. Наздикони боздоштшудагон мегӯянд, сабаберо барои куштор намебинанд.
Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар гузорише гуфт, Беҳзодҷон ва Муслиҳиддин “бинобар хусумати шахсӣ ба Амрулло Боймирзоев ва барои пул ин корро кардаанд”. Дар видеое, ки маълум нест таҳти чӣ шароит сабт шудааст, Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов куштори ҳамкорашонро эътироф мекунанд. Наздиконашон бовар доранд, ки ин иқрор таҳти шиканҷа ба даст омадааст.
Аз моҳи март то охири соли 2024 дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Конибодом зиёда аз бист нафар кушта шуданд ва ин ҳодисаҳо дар минтақа сару садои зиёде барпо кард. Бисёре аз пайвандони кушташудагон ва ҳам дастгиру зиндонишудаҳо мегӯянд, ки ҳодисаҳо ба ҳам монанд буданд.
Додситонии кул рӯзи 21-уми декабр гуфт, ки чор нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар кушторҳои пайиҳам дар Конибодом дастгир кард. Баъди ин эълон дигар ҳеч чизе дар бораи ҳодисаҳову гумонбарон нагуфтаанд.
Ҷасади як ноболиғ дар Ёвон баъди ду рӯз пайдо шудааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҷасади як ноболиғро дар ноҳияи Ёвон, баъди ду рӯз ҷустуҷӯ пайдо кардаанд. Ҷамолиддин Акбаралии 12-соларо рӯзи 2-юми май сел бурд. Ӯ ҳамроҳи бародараш ба чарондани чорво машғул будааст.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, 7 наҷотдиҳанда ва 50 сокини ноҳияи Ёвон ин наврасро ҷустуҷӯ карданд.
Ба гуфтаи мақомот, ҷасади Ҷамолиддини Акбаралиро баъд аз зуҳри 4-уми май дар наздикии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дар 60 километрии ҷойи ҳодиса пайдо кардаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар пайи офатҳои табии рӯзи 2-юми май дар Тоҷикистон, ду нафар ба ҳалокат расида, чанд роҳ ва хонаҳо осеб дидаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, як сокини 25-солаи ноҳияи Деваштич ҳангоми чарондани чорво "бар асари ҳавои номусоид ва раъду барқ аз расиши барқ ба ҳалокат расидааст." Ҳодиса соати 3-и шаб рух додааст.
Сел ҳамчунин ба манзили сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Ёвон ва ҳамчунин роҳҳои Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ осеб расондааст.
"2 кас ҳалок шуд." Пайомади офати табиӣ дар Тоҷикистон

Дар пайи офатҳои табии рӯзи 2-юми май дар Тоҷикистон, ду нафар ба ҳалокат расида, чанд роҳ ва хонаҳо осеб дидаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, як сокини 25-солаи ноҳияи Деваштич ҳангоми чарондани чорво "бар асари ҳавои номусоид ва раъду барқ аз расиши барқ ба ҳалокат расидааст." Ҳодиса соати 3-и шаб рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, фавтидаи дуюм Ҷалолиддини Акбаралӣ, сокини 12-солаи ноҳияи Ёвон мебошад. Ин наврасро ҳангоми чарондани чорво сел бурдааст. Мақомот мегӯянд, ҷасади ӯро то ҳол пайдо накардаанд.
Рӯзи 2-юми май ҳамчунин як духтари 18-сола ҳангоми аксгирӣ ба дарёи Сир афтидааст. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ин духтарро аз об зинда берун овардаанд.
Ба гуфтаи мақомот, дар пайи боридани борони зиёд ва омадани сел чанд роҳ ва хонаҳои сокинон ҳам зарар дидааст. Азҷумла дар роҳи Айнӣ-Панҷакент сел ва сангреза фаромада, роҳ муваққатан баста шудааст. Мақомот мегӯянд, роҳро кушодаанд.
“Ҳамчунин дар деҳаи Хушекати ҷамоати деҳоти Айнӣ, сел ба заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷуйборҳои оби полезӣ, роҳои дохилӣ ва иншооти ёрирасон ворид гардида, зарар расонд,”-омадааст дар хабарномаи расмӣ.
Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, дар пайи омадани сел дар километри 290-и роҳи Душанбе-Хоруғ, ин масир муваққатан баста шуд. Ин роҳ барои баъзе намуд нақлиётҳо боз шудааст.
Дар ҷамоатҳои Чоргул ва Даҳанаи ноҳияи Ёвон низ сел ба хонаҳо даромадааст.
Дар наворҳое, ки сокинон ба Радиои Озодӣ фиристоданд дида мешавад, ки дар чанд минтақаи дигар, азҷумла вилояти Хатлон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд низ сел омадааст. Баъзе сокинон шикоят доранд, ки аз мақомот кӯмаки зарурӣ дарёфт накардаанд.
Аксҳоро корбарони Радиои Озодӣ аз деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ фиристодаанд:
Посбонӣ нест, вале... Конибодом пас аз як соли қатлҳои асроромез

Аз аввалин мавриди кушторҳои пайиҳам ва асроромез дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд як сол гузашт.
Шаби 16 ба 17-уми апрели соли 2024 зану шавҳар, Музаффар Урмонов ва Иноят Урмонова, дар хонаашон дар деҳаи Сайҳун ба қатл расиданд. Ин ҳодиса пайвандонро дар азо нишонд ва сокинони дигарро ба ташвиш андохт. Бисёрҳо бозпурсӣ шуданд, вале Шарифҷон Ашӯров, бародари Музаффар Урмонов, 20 сол зиндонӣ гардид. Пайвандони ӯ то ҳол бо ҳукм розӣ нестанд.
"Мо азоб дорем. Ду духтар ҳастем. Хоҳарам дар Русия, инҷо ман худам танҳо. Ба ҳама ҷо навиштем, ҳеч чиз нашуд. Ба Ҷаноби олӣ муроҷиат карда, мегӯям, ки ба мо ёрӣ диҳед, падарам гуноҳ надорад," – гуфт Дилдора Ғиёсова, духтари Шарифҷон Ашӯров.
Фарзандони Шарифҷон Ашӯров ва наздикони Музаффар Урмонов дар суҳбатҳои пешина бо Радиои Озодӣ борҳо исрор кардаанд, ки дар қатли ӯ ва ҳамсараш ягон хешованд даст надорад. Намояндагони додгоҳ ҳукми худро дуруст ва дақиқ номидаанд. Аз ҷумла дар Додгоҳи олӣ ва дар моҳи марти имсол.
Дилдора Ғиёсова гуфт, “шикояти кассатсиониро ҳамроҳи ҷабрдидаҳо навишта будем. Духтари амакам гуфт, ки рӯзи 4-уми март мурофиа шуд. Ин коғаз ба дасти мо панҷуми март расид. Бе иштироки мо мурофиа доир шудааст. Ду рӯз ба Суди олӣ рафтем, гуфтанд, ки ҳамон ҳукм монд.”
Куштори асроромез дар баҳори соли гузашта танҳо дар хонаи Музаффар Урмонов рӯй надод. Аз моҳи март то охири соли 2024 дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Конибодом зиёда аз бист нафар аз ҳафт оила, аз ҷумла кӯдакон, кушта шуданд.
Мақомот дар робита ба ин ҳодисаҳо, ки сокинонро ба ваҳшат овард, як нафарро ба ҳабси абад маҳкум ва чор каси дигарро боздошт карданд. Дар ҳоле ки мақомот ҷузъиёти парванда ва ҷараёни тафтишро намегӯянд, модари Аҳадҷон Тӯхтаев, яке боздоштшудаҳо, гуфт, ба гунаҳкор будани фарзандаш бовар надорад.
Зулфия Тӯхтаева, модари Аҳадҷон Тӯхтаев: “Худаш ҳам гуфт, ки ин корро накардааст. Ягон бор пули калон ё тило наовард ба хона. Вай қассобӣ мекард. Ҳаштуми декабр рӯзи таваллуди набераам аст. Писарам дар хона буд. Хоҳаронаш омаданд. Ҳамаамон якҷоя рӯзи таваллудро гузарондем. Даҳуми март падараш дар Русия даргузашт. Сездаҳуми март дафн кардем. Мо бо маъракаҳо овора будем."
Мақомот баъд аз боздошти гумонзадҳо дар чаҳор моҳи охир тафсилоте надодаанд. Баъзе аз наздикони кушташудаҳо мегӯянд, мақомот гумонзадҳоро ба ҷойи ҳодиса оварданд ва далелҳои шайъиро нишон доданд. Порае аз чунин наворҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, аммо видеои пурраи он дастрас нест.
Бо гузашти як сол аз кушторҳои пайиҳам ва асроромез дар Конибодом баъзе аз нигарониҳо ҳамчунон боқист. Санҷиши мошинҳо, ки аз нимаи моҳи декабри соли 2024 дар даромадгоҳи шаҳри Конибодом ба роҳ монда шуд, идома дорад. Вале низомиён, ки дар хаймаҳои махсус ба таври шабонарӯзӣ минтақаро посбонӣ мекарданд, дар аввали моҳи апрели имсол ба ин кори худ поён доданд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Сокинони баъзе аз деҳаҳои зилзилахезро дар Рашт ба ҷойи амн мекӯчонанд

Сокинони баъзе аз деҳаҳоро дар Рашту Тоҷикобод, ки дар заминларзаи рӯзи 13-уми апрел зарар дидаанд, ба маконҳои амн мекӯчонанд. Шодмон Ғиёсов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рашт, ба Радиои Озодӣ гуфт, инҳо деҳаҳое ҳастанд, ки дар гузашта низ борҳо аз заминларза осеб дидаанд, вале номи мушаххасеро ба забон наовард.
"Маслиҳат шуд, 2-3 деҳае, ки панҷ-даҳ хоҷагӣ доранду аз маркази ноҳия дур ҷойгиранд ва чанд бор шуд аз заминҷунбӣ зарар мебинанд, ҳамонҳоро бикӯчонанд," -- гуфт Шодмон Ғиёсов рӯзи 14-уми апрел.
Ин тасмим дар пайи ҷаласаи Ситоди фавқулода бо раҳбарии муовини сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода гирифта шудааст. Ҳамчунин Ситод қарор кардааст, ки осеби заминларзаҳои 13-уми апрел бояд то нимрӯзи 15-уми апрел муайян карда шавад. Пас аз муайян шудани мизони зарар расонидани ёриҳо барои бартараф кардани пайомадҳои фалокат оғоз мешавад.
"Ҳозир ба хонаводаҳое, ки хайма лозим аст, бо хайма таъмин карда истодаем. Деҳаҳое, ки зарар надидаанд, ба зарардидагон хӯроки гарм тақсим мекунанд. Мардуми беҷошударо дар хаймаҳо ва хонаҳои зарарнодида ҷобаҷо кардаем. Аз ҳисоби ҳукумат низ хӯрокиҳову ёрдам омада аст, ин бегоҳ ё пагоҳ тақсим мекунанд," -- мегӯяд сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рашт.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Дар пайи ҳодиса як кӯдаки сесола Абдуғанӣ Машрабов, сокини деҳаи Уштурпасти ноҳияи Рашт, зери девори хона монда ҷон бохтааст. Муовини сарвазир ҳамроҳ бо масъулони ҳолатҳои фавқулода ба хонаводаи ин осебдида рафта, изҳори ҳамдардӣ кардаанд.
Бар асоси маълумоти пешакӣ, ки Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кард, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хона пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 манзили дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 мактаб ва наздики 200 иншооти гуногуни дигар, ки чойхонаву фароғатгоҳ ва як бунгоҳи тиббӣ шомили он мешаванд, зарар дидаанд. Бо вуҷуди ин, мансабдорони минтақа мегӯянд, ба донишомӯзони мактабҳо мушкилии идомаи таҳсил пеш нахоҳад омад.
Қадриддин Фақерзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло мардуми зарардида ба ёриҳои фаврӣ ниёз надоранд, вале "комиссияи ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ кор хисоротро маълум мекунанд ва ёриҳо низ муайян мешавад".
Ба иттилои манбаъ, аз заминларзаи рӯзи 13-уми апрел аз ҳама бештар деҳаҳои Уштурпаст, Махсумов, Аскалун, Сафедтундак, Гулханӣ, Кул ва Хулаки ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод зарар дидаанд.
Рӯзи 13-уми апрел дар маркази ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм ҷашни наврӯзӣ низ баргузор шудааст ва як видеое, ки дар шабакаҳои маҷозӣ нашр шудааст, замони вуқӯи заминҷунбӣ дар макони ҷашни наврӯзиро нишон медиҳад, ки мардум ба таҳлука афтодаанд.
Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамзамон аз вуқӯи се пасларза дар қаламрави Тоҷикистон дар рӯзи 13-уми апрел хабар дод, ки маркази ҳамаи онҳо минтақаи Рашт будааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, қувваи заминларза дар марказ 5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.
Минтақаи Рашт дар гузашта ҳам шоҳиди заминларзаҳои сахте шуда, соли 2020-2021 бар асари зилзила панҷ сокини Тоҷикобод ба ҳалокат расида, наздик ба шаст хона дар чаҳор деҳаи ин ноҳия осеб диданд.
Заминҷунбиҳо дар ин минтақа фоҷиаи 10-уми июли соли 1949-ро ёдрас карданд, ки чун зилзилаи Ҳоит маъруф буда, сабаби марги 32 ҳазор нафар гашта буд. Аз он вақт бунёди манзил дар ин ҷо талаботи хос дорад, ки на ҳамеша риоят мешавад.
Як кас ҷон бохт, 29 хона зарар дид. Заминларза дар Тоҷикистон

Дар пайи заминларзаи субҳи 13-уми апрел дар Тоҷикистон як ноболиғ ба ҳалокат расида, 29 хона ва як мактаб зарар дидааст. Дар ин бора аз Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Радиои Озодӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Абдуғанӣ Машрабови сесола, сокини деҳаи Уштурпасти ноҳияи Рашт “зери девори хонаи истиқоматӣ монда,” ҷон бохтааст.
Манбаъ мегӯяд, 17 хона ва як мактаб дар ноҳияи Рашт ва 12 манзили дигар дар ноҳияи Тоҷикобод осеб дидаанд. Ин омор ҳар соат метавонад тағйир ёбад.
Мақомот гуфтанд, комиссияи вижа зарари расида аз заминҷунбиро ҳисоб дорад. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳам ба минтақаи Рашт рафтааст.
Дар наворҳое, ки корбарони Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки дар пайи ҷунбидани замин, баъзе хонаҳо зарари ҷиддӣ дидаанд. Азҷумла дар як навор дида мешавад, ки як тарафи девори хона чаппа шудааст. Дар навори дигар ҳам як сокини минтақаи Рашт мегӯяд, деворҳои манзилаш кафида, хона садамавӣ шудааст.
Заминларза соати 9-24-и рӯзи 13-уми апрел рух дода, шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт ва вилояти Суғдро такон дод. Ба иттилои Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ, маркази заминларза дар 21-километрии ноҳияи Рашт ва дар ҳудуди Тоҷикистон буд. Ба гуфтаи манбаъ, қувваи заминларза дар марказ 5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.
Сокинони вилояти Суғд ва Хатлон ҳам дар Фейсбук навиштанд, ҷунбидани заминро ҳис кардаанд. Аммо ба ҷуз минтақаи Рашт, аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар бораи хисорот маълумот нарасидааст.
Ба иттилои Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ, зуҳри 13-уми апрел дар минтақаи Рашт ду маротибаи дигар заминҷунбӣ сабт шудааст. Мақомот гуфтанд, қувваи ду заминларза дар минтақаи Рашт 3-4 баллро ташкил дода, ҷунбидани замин дар Душанбе ҳис нашудааст.
Минтақаи Рашт дар гузашта ҳам шоҳиди заминларзаҳои сахте шуда буд. Азҷумла соли 2021 бар асари зилзила 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида буданд. Пеш аз он, моҳи июли соли 2020 наздик ба 60 хонаи сокинони чаҳор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб диданд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.
Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Заминҷунбӣ ба Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ва молӣ овард

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аввалин маълумот дар бораи заминларзаи субҳи 13-уми апрелро расонаӣ кард. Аз Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маркази заминларза дар 21-километрии ноҳияи Рашт ва дар ҳудуди Тоҷикистон буд.
Ба гуфтаи манбаъ, қувваи заминларза дар марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 дараҷаро ташкил дод.
Намояндагони Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ гуфтанд, зарари расида аз ин ҳодисаро ҳисоб доранд.
"Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳудуди ноҳияи Рашт се хона зарар дидааст. Ин маълумоти пешакӣ аст. Гуруҳи зудамали минтақаи Рашт ба ҷойи ҳодиса мераванд. Муовини якуми раиси кумита ҳам ба он ҷо раҳсипор шуданд,"-гуфтанд аз Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ.
Бино бар хабари ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод дар ин ҷо се нафар, аз ҷумла як кӯдак осеб дидаанд.
Заминларза соати 9-24-и рӯзи 13-уми апрел рух дода, шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт ва вилояти Суғдро такон дод.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.
Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Заминларза Тоҷикистонро такон дод

Рӯзи 13-уми апрел заминларзае чанд минтақаи Тоҷикистон, азҷумла шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт ва вилояти Суғдро такон дод. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар пойтахт, заминларза соати 9:24 сар шуда, тақрибан се дақиқа идома кард. Чанд сокини минтақаи Рашт ва шаҳри Хуҷанд ҳам дар Фейсбук навиштаанд, ҷунбидани заминро ҳис кардаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки қувваи заминҷунбӣ чанд дараҷа буд ва маркази он куҷост.
Баъзе марказҳое, ки ҷунбидани заминро дар гӯшаву канори ҷаҳон мустақим пайгирӣ мекунанд, навиштаанд, ки заминларзаи субҳи 13-уми апрел ба ҷуз Тоҷикистон дар Қирғизистон ва Узбекистон ҳам рух додааст. Ба навиштаи ин сомонаҳо, маркази заминларза шаҳри Қуқанди Узбекистон буд ва қувваи ҷунбидани замин дар марказ 4,6 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил медод.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.
Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Нишасти "хатарнок"-и ҳавопаймои Эрон дар Фурудгоҳи Душанбе

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” рӯзи 10-уми апрел дар Фурудгоҳи Душанбе нишасти "хатарнок" анҷом додааст. Мақомоти Тоҷикистон ва ширкат дар ин бора расман шарҳе намедиҳанд.
Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт, ҳавопаймои ширкати “Вориш”, ки аз Теҳрон ба Душанбе меомад, соати 11:14 дар Фурудгоҳи Душанбе бо мушкил нишаст.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳамаи мусофирон ва халабонҳо солиманд. Сабаби ба мушкил фуруд омадани ҳавопаймо бад будани вазъи боду ҳаво гуфта мешавад.
“Соати 11 дар Душанбе раъду барқ ва борон буд. Ҳавопаймои Душанбе барои нишасту парвози ҳавопаймо ду хат дорад. Ҳавопаймои ширкати “Вориш” дар байни ин ду хати парвоз фуруд омад ва зоҳиран чархаш осеб дид. Аз соати 11 ҳамаи парвозҳои рафтуо баргашт аз Фурудгоҳи Душанбе ва ба ин фурудгоҳ манъ шуд. Мутахассисон қариб даҳ соат талош карданд, ҳавопаймои ширкати “Вориш”-ро таъмир карда, аз хати парвоз берун кунанд ва танҳо баъди ин барои дигар парвозҳо иҷозат шуд,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ.
Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи расмӣ аз намояндагони Фурудгоҳи Душанбе бенатиҷа буд. Таблои онлайни Фурудгоҳи Душанбе нишон медиҳад, ки ҳамаи парвозҳо аз соати 11 то 20 лағв шудаанд. Рӯшан нест, ки ҳавопаймои эронӣ дар пайи нишасти хатарнок ба чӣ мушкил рубарӯ шудааст.
Тоҷикистон ва Эрон дар аввали имсол низоми раводидро миёни ду кишвар бекор карданд. Ҳоло байни ду кишвар ҳафтае 5 парвоз (чор парвоз аз ширкати “Вориш” ва як парвоз аз “Сомон Эйр”) анҷом мешавад.