Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мақомоти интизомии Кӯлоб 15 нафари дигарро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон дастгир кардаанд. Ба гуфтаи хешовандонашон, 15 муҳоҷири собиқи корӣ аз деҳаи Хонаободро шоми 17-уми май дастгир кардаанд.
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Тоҷирони бозорҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон интизори харидорони ҳамсоякишвар ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ки бо гузашти ду моҳ аз боз шудани марз боре ҳам мизоҷҳои қирғизтаборро надидаанд. Ҳамчунин дар бозори қирғизтаборон низ харидорони тоҷик мушоҳида намешаванд.
Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки аз мансабдорони муҳоҷирситез дониста мешавад, бо таъкид ба ҳуввият ва тоыик будани гумонбарони ҳамлаи маргбор ба Крокус гуфт, қарор аст, ба зудӣ парвандаи онҳо ба додгоҳ фиристода шавад.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Манъи корҳои таъмиру бозсозӣ дар масҷиди ба номи Умари Форуқ, ки дар Душанбе бо номи “Масҷиди Аминҷон” маъруф аст, боиси нигаронии бархе сокинону намозгузрон шудааст. Онҳо мехоҳанд аз ҳисоби худ масҷидро таъмиру азнавсозӣ кунанд, вале мақомот иҷоза намедиҳад.
Тоҷикистон дар поёни моҳи май, мизбони конфронси байналмилалӣ бо ҳузури беш 1700 тан барои ҳифзи пиряхҳост. Душанбе мехоҳад таваҷҷуҳи кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳониро барои чораандешии фаврӣ ҷиҳати аз коҳиши обшавии пиряхҳо мутамарказ кунад.
Хабарҳои рӯз
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе гуфт, ки Русия ва Украина барои хотима додан ба ҷанги сесола бе ҳеч таъхире ба музокирот доир ба оташбас оғоз мекунанд. Ӯ дар ин бора пас аз гуфтугӯи дуввунимсоатаи телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия сӯҳбат кард.
Дар Додгоҳи олии ИМА тақозои президент Доналд Трамп барои бекор кардани чунин ҳақ дар қонунҳои ин кишвар муҳокима мешавад.
Ҳафтаи гузашта президенти Тоҷикистон бо имзо гузоштан зери ислоҳи қонуне ҷазо барои “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоиро аз Кодекси ҷиноӣ бардошт. Ҳоло бархе аз пайвандони маҳкумшудагон умедворанд, ки баъди бардоштани ҷазо барои лайк наздикони онҳо озод мешаванд.
Ёфтҳои бештар