Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадори 60-сола ва вакили пешини Маҷлиси намояндагониТоҷикистон бори дигар раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоб шудааст. Фаъолияти ин ҳизб, ки замоне дар порлумон ду намоянда дошт, аз соли 2015 дар Тоҷикистон ва аз соли 2022 дар Русия манъ мебошад.
Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гуфт, интихоби Муҳиддин Кабирӣ ба раисии ҲНИТ, рӯзи 24-уми май сурат гирифт.
Ба гуфтаи Қаюмов, ба мақоми роҳбари ҲНИТ номзадии 7 нафар: Муҳаммадсаид Ризоӣ, Муҳаммадҷони Нурӣ, Мирзораҳим Кузов, Маҳмудҷон Файзраҳмон, Шамсиддин Саидов, Илҳомҷон Ёқубов ва Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод шуд.
"Пас аз баҳсу баррасиҳо 5 нафар номзадии худро пас гирифтанд ва ду номзад, Мирзораҳим Кузов ва Муҳиддин Кабирӣ боқӣ монданд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ 6 нафар ба тарафдории Мирзораҳим Кузов (Шоҳнаим Карим), 14 нафар ба тарафдории Муҳиддин Кабирӣ овоз доданд ва 3 нафар ширкат накарданд. Ба ҳамин тартиб Раёсати Олии ҲНИТ бо аксарияти оро Муҳиддин Кабириро ба муддати 4 сол раиси ҲНИТ интихоб намуд,"- гуфт сухангӯи ҲНИТ.
Муҳиддин Кабирӣ аз соли 2006, пас аз марги Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбарии Ҳизби наҳзати исломро бар уҳда дорад ва феълан ҳамроҳи бахше аз намояндагони ҲНИТ дар Аврупост. Фаъолияти ӯ ва куллан ҲНИТ танқидҳои зиёдеро ба миён оварда буд. Аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи "Ислоҳ" ва яке аз намояндагони мухолифини тоҷик дар берун аз кишвар, моҳи марти имсол хоҳони "истеъфои довталабона"-и Муҳиддин Кабирӣ аз раҳбарии ин ҳизб шуд.
Муҳаммадиқболи Садриддин дар баёяние дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта буд, Ҳизби наҳзати исломӣ "моликияти хусусӣ, ҶДММ нест". "Рафтани бообрӯ худ як қаҳрамонӣ аст. Масалан, Маҳкамов рафт, гапе нашуд. Раҳмонов намеравад, ҳазору як гап аст. Набояд Раҳмонов шуд!" – навишта буд Муҳаммадиқболи Садриддин.
Дар тақрибан як соли охир бори дувум аст, ки дар созмонҳои зери раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон баҳс бармехезад. Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, ки қаблан узви Паймони миллӣ буд, дар моҳи августи 2024 Кабириро ба “диктатура ва шахсиятпарастӣ” муттаҳам кард, ки “дар тайи 6 сол дар кори Паймони миллии Тоҷикистон беҳбудие наовардааст”.
Ҳизби наҳзати исломӣ то замони қатъи фаъолияташ дар Тоҷикистон, ба гуфтаи саронаш, бештар аз 40 ҳазор узв дошт ва баъди Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дувумин созмони умдаи сиёсӣ ба ҳисоб мерафт. Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин тараф ин ҳизбро ҳамвора ба кӯшиши сарнагунии ҳукумат, тарҳрезии ошӯб ва куштор муттаҳам мекунанд, вале раёсати ҳизб ин айбномаҳоро рад мекунад. Бархе аз намояндагони мухолифон низ роҳи тайкардаи ин ҳизбро дар даҳаи охир иштибоҳӣ мешуморанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2018 Муҳиддин Кабириро ғоибона ба "муддати тӯлонии зиндон" маҳкум кард. Мақомот ӯро ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, куштор, исёни мусаллаҳона ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор донистанд. Худи Муҳиддин Кабирӣ ин иттиҳомотро ҳамеша рад карда, онро "сиёсӣ" унвон кардааст.