Аврупо 20 бонки русиро аз низоми SWIFT маҳрум карданист

Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки зиёда аз 20 бонки Русияро аз низоми байнулмилалии SWIFT берун кунад. Дар ин бора Оҷонсии Bloomberg бо такя ба манобеаш хабар додааст.

Ба қавли ин манбаъ, маҳрум кардани зиёда аз 20 бонки русӣ аз низоми SWIFT, дар доираи бастаи нави таҳримҳои ИА алайҳи Маскав пешбинӣ шудааст.

Ба ҷуз ин, Иттиҳоди Аврупо эҳтимол нархи ҳар барел нафти Русияро аз 60 доллар то 45 доллар кам кунад. Бунёди хатти интиқоли гази “Ҷараёни шимол” шояд манъ шавад.

Ҳамчунин ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нави тиҷоратӣ ба маблағи ҳудуди 2,5 миллиард доллар дар баррасии Иттиҳоди Аврупо аст. Ҳадаф аз ин, коҳиши даромади Русия ва маҳдуд кардани дастрасии он ба фанновариҳои низомӣ аст.

Ба гузориши Bloomberg, Комиссияи Аврупо дар бораи таҳримҳои нав алайҳи Маскав, бо аъзоёни Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯ дорад. Санаи эълони таҳримҳои нав ҳанӯз маълум нест.

SWIFT низоми байнулмилалии бонкӣ аст. Баъди таҷовузи Русия алайҳи Украина дар феврали соли 2022, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо даҳҳо бонки русиро аз SWIFT берун карданд. Вале сарфи назар аз ин, ба гуфтаи мақомоти Русия то охири соли гузашта қариб 200 бонки русӣ ба низоми SWIFT дастрасӣ доранд.