Бунёди муҷассамаи диктатори Шӯравӣ Иосиф Сталин дар метрои Маскав баҳсҳоеро ба миён овард. Иддае аз русҳо онро ҳамчун арҷгузории таърихӣ истиқбол карданд, аммо бархеи дигар мегӯянд, гиромидошти як раҳбаре, ки болои мардум зулм кардааст, нодуруст аст.
Муҷассамаи нави Иосиф Сталин диктатори Шӯравӣ дар метрои Маскав баҳсҳоро ба бор овард. Бархе русҳо онро як арҷгузории таърихӣ медонанд, дар ҳоле ки ба назари дигарон эҳтиром кардани пешвое, ки ҳамрадифи ранҷу азоби зиёд мебошад , кори дуруст нест.
Ин муҷассамаи деворӣ, ки дар истгоҳи метрои "Таганская" воқеъ аст, рӯзи 15 май дар чаҳорчӯби таҷлили 90-умин солгарди метрои Маскав ба намоиш гузошта шуд.
Ин бозсозии ёдгории таърихӣ аст, ки бори аввал соли 1950, се сол пеш аз марги Сталин ифтитоҳ гардида буд. Масъулини метрои Маскав мегӯянд, муҷассамаи аслӣ дар ҷараёни таҷдиди истгоҳ дар соли 1966 гум шудааст.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пайкараи Сталин дар метрои Маскав баҳсбарангез шуд
Муҷассама аслан "Сипосгузории мардум ба пешво ва фармондеҳ" ном дошта, Сталинро дар Майдони Сурхи Маскав ва дар иҳотаи шаҳрвандони шӯравӣ таҷассум кардааст. Он ба нақши Сталин дар пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон бахшида шудааст.
Евгений Иванов сокини Маскав аз Сталин тавсиф кард. "Ин шахс корҳои зиёде кардаст,ки метавонад бо он фахр кунад. Аз байн бурдани он вазифаи мо нест.Ӯ корҳоеро анҷом додаст ва мо бояд ба ин эҳтиром гузорем."
Аммо бархе дигарон ба ин муҷассама сахт мухолифанд. Бахши ҳизби либералии "Яблоко" дар Маскав хостори гиромидошти ёдбуди қурбониёни репрессияҳои сталинӣ шуд ва эълом дошт, ки ин муҷассама "туфе ба рӯи таърих" ва "ба масхара кашидани фарзандони саркӯбшудагон" аст.
Дар замони поксозӣ ё “репрессия”-и бузурги Сталин дар солҳои 30-юми асри 20, тақрибан 700 ҳазор нафар куштаву, бисёриҳо ба “Кулак”, системаи зиндонҳое, ки дар саросари кишвар мавҷуд буданд, фиристода шуданд.
Ҳарчанд дар нисбати мероси ӯ то ҳол ихтилофи амиқ боқӣ мемонад, дар солҳои охир муҷассамаҳои Сталин дубора пайдо шуданд.