Ҳукумати ИМА донишгоҳи Ҳарвардро аз қабули донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил маҳрум кард. Илова ба ин, маъмурияти президент Доналд Трамп донишомӯзонеро, ки дар ин муассиса таҳсил мекунанд, маҷбур дорад ба дигар мактабҳои олӣ гузаранд, чун дар акси ҳол ҳақи будубоши қонунӣ дар ин кишварро аз даст медиҳанд. Дар ин бора рӯзи 22 май вазорати амнияти дохилии ИМА хабар дод.
Вазир Кристи Ноэм амр дод, ки иҷозатномаи кори барномаи табодули донишҷӯёни Ҳарвард бекор карда шавад ва ин муассисаи таълимиро дар “дастгирии хушунат, яҳудиситезӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кориаш бо ҳизби коммунистии Чин” гунаҳгор намуд.
Аз ин пеш маъмурияти донишгоҳ талаби вазорати амнияти дохилиро барои додани маълумот дар бораи бархе донишҷӯёни хориҷиаш рад кард. Дар Ҳарвард қарори маъмурияти Трампро, ки ба ҳазорҳо донишҷӯ дахл дорад, ғайриқонунӣ ва интиқомҷӯӣ ва ҳам амале номиданд, ки рисолати академикию таҳқиқотии Ҳарвардро ба ҳам мезанад. Донишгоҳ ваъда додааст, ки донишҷӯёни осебдидаро дастгирӣ мекунад.
Соли 2024-2025 ба донишгоҳи бонуфузи Ҳарвард 6800 донишҷӯи хориҷӣ қабул шуд ва ин 27% -и шумори умумии донишомӯзони ин муассиса ба шумор мераванд, навиштааст Reuters. Ин донишҷӯён аз 140 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекунанд.
Президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп мехоҳад низоми фаъолияти колелҷҳои хусусӣ ва мактабҳо дар саросари ИМА-ро тағйир диҳад ва онҳоро дар паҳн кардани идеологияи зиддиамрикоӣ, марксистӣ ва чапгароӣ муттаҳам намудааст. Трамп Ҳарвардро барои ҷалби демократҳои бонуфуз ба мақомҳои омӯзгорӣ ва раҳбарӣ интиқод намуд.
Моҳи апрел маълум шуд, ки маъмурияти Трамп маблағгузории донишгоҳи Ҳарвардро дар ҳаҷми 2,2 миллиард доллар қатъ ва ин донишгоҳро дар вайрон кардани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва муборизаи нокофӣ бо яҳудиситезӣ гунаҳгор намуд.
Кохи Сафед инчунин маблағгузории донишгоҳи Колумбияро дар ҳаҷми 400 миллион доллар боздошт. Ин қарор вокуниши мақомот ба мавҷи эътирозҳои ҷонибдорони Фаластин дар донишгоҳои Амрико буд, ки амалҳои артиши Исроил дар Ғаззаро маҳкум намуданд.