Президент Доналд Трамп хабар дод, ки Вашингтон аз 1-уми июн метавонад барои молу маҳсулот аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 50 дарсад таърифа ё боҷи гумрукӣ ҷорӣ кунад.
Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш TruthSocial навишт, "монеаҳои азими тиҷоратии онҳо, андоз аз арзиши иловашуда, ҷаримаҳои хандаовар барои ширкатҳо, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ, даъвоҳои беадолатона ва беасос алайҳи ширкатҳои амрикоӣ,” боиси касри тиҷорат бо ИМА дар ҳаҷми 250 миллион доллар дар сол шудааст.
Раиси ҷумҳури Амрико таъкид кардааст, ки "гуфтушуниди мо бо онҳо ба ягон ҷойе намерасад!"
Ба гузориши маҷаллаи Politico, изҳороти Трамп чанд соат пеш аз гуфтугӯҳои телефонии Комиссари тиҷорати Аврупо Марош Шефчович ва намояндаи тиҷоратии ИМА Ҷеймисон Грир садо дод.
Дар оғози моҳи апрел маъмурияти Доналд Трамп барои молу колои 185 кишвари ҷаҳон таърифа (тариф, тарофа) ё боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард. Азҷумла Трамп барои маҳсулоти Иттиҳоди Аврупо 20 дарсад таъин карда буд.