Хабарнигори Радиои Озодӣ дар додгоҳ гуфт, таҳти шиканҷаву фишор қарор дорад

Фарид Меҳрализода

Додситонҳо дар Озарбойҷон дар мурофиаи рӯзи 20 май аз додгоҳ хостанд, ки журналист Фарид Меҳрализодаро бо иттиҳоми қочоқ ба 12 соли ҳабс маҳкум кунанд. Худи ӯ ва тарафдоронаш гуфтанд, мақомот бо ин роҳ Меҳрализодаро барои ҳамкориаш бо Радиои Азадлиқ – Бахши озарии Радиои Озодӣ ҷазо медиҳанд ва ин парванда дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад.

Меҳрализода яке аз ҳафт хабарнигор дар толори додгоҳӣ аст ва ҳамаи онҳо иттиҳомҳоро сохтакоришуда меноманд. Айбдоркунанда инчунин хост, ки ба гумонбарони дигар – Улвӣ Ҳасанлӣ, раиси оҷонсии мустақили AbzasMedia ва хабарнигор Ҳофиз Боболӣ 12-солӣ ҳабс таъин шавад.

Додситонҳо талаб карданд, ки чор нафари дигар – Севинҷ Вагифқизӣ, Муҳаммад Кекалов, Наргис Абсаломова ва Элнара Гасимова ба мӯҳлати 11-солӣ ба зиндон маҳкум шаванд. Қарор аст, мурофиаи баъдӣ рӯзи 10 июн баргузор шавад.

Меҳрализодаи 30-сола гуфт, ки моҳи маи соли 2024 ӯро бо чашмони баста боздошт карда ба макони ношиносе бурданд ва дар ниҳоят чашмонашро дар дохили Раёсати полиси шаҳри Боку боз карданд. Ӯ гуфт, аз ӯ зери фишори равонию ҷисмонӣ талаб карданд, ки телефони дастиашро барои ходимони полис боз кунад.

Ӯ мегӯяд, ба иловаи ҳамкорӣ бо Радиои Азадлиқ, ӯ ва дигар боздоштшудаҳоро барои соҳибкории ғайриқонунӣ, напардохтани андоз, қочоқ ва сохтакории санадҳо гунаҳгор мекунанд, вале ҳамаи онҳо ин иттиҳомҳоро беасос ва сохтакоришуда номидаанд.

Меҳрализода бо нашри матолиби танқидӣ дар бораи вазъи иқтисодии кишвар, вобастагии Озарбойҷон аз газу нафт, бекорӣ ва фақр маъруф аст. Мақомоти Озарбойҷон вуҷуди ангезаҳои сиёсӣ дар боздошти Меҳрализодаро рад мекунанд.

Ба ҳисобҳои ҳомиёни ҳуқуқ, аз ноябри соли 2023 дар Озарбойҷон тахминан 20 хабарнигор ва фаъоли маданӣ бо иттиҳомҳои монанд ба ин боздошт шудаанд. Дар маҳбасҳои Озарбойҷон 300 нафар чун зиндонии сиёсӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Президент Илҳом Алиев, ки аз соли 2003 дар сари қудрат аст, барои саркӯби озодиҳо ва журналистону мухолифонаш интиқод мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Вазъияти ниҳоят ҷиддӣ". Осиёи Миёна дубора дар миёни кишварҳои саркӯбгари озодии баён Даъвати RSF аз додситони кулли Тоҷикистон: Ҳакимоваро фавран озод кунедХабарнигори RFERL пас аз се сол зиндон дар Белорус озод шудМурофиаи Салимҷон Иномзода дар Узбекистон. Дар Душанбе чӣ гуфтанд?