23-юми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе мусобиқаи муштзанҳои касбӣ (IBA,Pro 6) бо номи "Шоми бокс» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар рақобати асосӣ Баҳодур Усмонов (10-0) аз Тоҷикистон ва Алберт Пагара (35-2) аз Филиппин барои дарёфти камарбанди қаҳрамонии WBA Gold дар вазни сабук мубориза бурданд.
Ба иттилои allboxing.ru Баҳодур аз аввали рақобат ба хуҷум гузашта, рақибашро зери фишори доимӣ нигоҳ медошт. Дар поёни раунди сеюм Усмонов бо мушт ба ҷигари Пагара зад ва баъди ин зарбаи сахт рақиб натавонист муборизаро идома диҳад. Ба ин тартиб, Усмонов дар раунди сеюм бо нокаути техникӣ пирӯз шуд.
Усмонов пеш аз ин, моҳи марти соли 2025 дар Екатеринбург ба Нодирбек Соибови узбекистонӣ, ки пас аз даври сеюм аз идомаи мубориза даст кашид, пирӯзӣ ба даст оварда буд.
Баҳодур Усмонов дар бокси ҳирфаӣ даҳ ғалаба ба даст оварда, то ҳоло мағлуб нашудааст.
Пагара бошад, дар охирин набарди худ моҳи июни соли 2024 дар Чин муқобили муштзани чинӣ Акетелиади Келетжан ғолиб шуда буд.
Муштзани ҳаваскор ва касбии тоҷик Баҳодур Усмонови 27-сола дар вазнҳои сабук ва якуми миёна рақобат мекунад.
Вай иштироккунандаи Бозиҳои олимпии соли 2020, дорандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон (2023), қаҳрамони Осиё (2019), барандаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиё (2021, 2022) мебошад.
Ҳамчунин дар “Шоми бокс” дар Душанбе ҷоизадори Бозиҳои олимпии Порис-2024 ва қаҳрамони Бозиҳои 19-уми осиёӣ Давлат Болтаев (6-0) аз Тоҷикистон бо Закари-Серж Мвого Амугу (1-1) аз Камерун дар вазни сангин (+90,7 кг) рақобат кард. Қувваозмоӣ дар раунди дуюм бо пирӯзии муштзани 26-солаи тоҷик бо нокаути фаннӣ хотима ёфт. Болтаев соҳиби камарбанди IBA.Pro гардид.
Қаҳрамони Осиё дар вазни нимасабук (57,2 кг) Акмал Убайдов (7-0) аз Тоҷикистон бо Ержан Залилов (11-3) аз Қазоқистон вориди рақобат шуд. Нерӯсанҷӣ бо ғалабаи муштзани 24-солаи тоҷик аз рӯи имтиёзҳо ба охир расид.
Қаҳрамони дукаратаи Русия, иштироккунандаи қаҳрамонии ҷаҳон-2021 Евгений Коол дар бокси ҳирфаӣ бори аввал ба рақобат пардохт. Рақибаш дар вазни 67 кило Фариозбек Ҳакимов аз Узбекистон буд. Муштзани русиягӣ дар раунди панҷум бо нокаути фаннӣ дастболо шуд.
Рақобати ҷавобӣ дар вазни нимамиёна (66,7 кг) байни Максим Черничук (9-0-1) аз Русия ва Майкл Кинг (6-3-2) аз Люксембург мусовӣ гашт. Рақобати ҳарду моҳи феврали соли равон бо пирӯзии Черничук хотима ёфта буд.