Расонаҳо аз ихтисори даҳҳо корманди Шӯрои амнияти ИМА хабар доданд

Кохи Сафед

Маъмурияти президент Доналд Трамп ба ихтисори васеи кормандони Шӯрои амнияти миллии Амрико шуруъ кардаанд. Ба гузориши нашрияи Вашингтон пост, хабаргузории "Ройтерс" ва телевизиони CNN, даҳҳо кормандро аз кор ҷавоб медиҳанд.

Ба гузориши CNN, зиёда аз сад корманди Шӯрои амнияти ИМА ба рухсатии маъмурӣ фиристода шудаанд. "Ройтерс" менависад, дар миёни онҳо мутахассисон оид ба масъалаҳои байнулмилалӣ ҳам ҳастанд. Ин кормандон бегоҳи 23-юми май огоҳӣ гирифтаанд, ки корашонро аз даст медиҳанд.

Ихтисори кормандони Шӯрои амнияти Амрико баъди таъини Марко Рубио ба мақоми мушовири амнияти миллӣ таъин шуд. Рубио дар ин мақом ҷойгузини Марко Уолтс шуд, ки баъди фош шудани нақшаи ҷанг алайҳи ҳусио мақомашро тарк кард.

Тарафдорони кам кардани кормандон дар Шӯрои амнияти Амрико мегӯянд, ин ниҳод дар давраи президентони қаблӣ корманди зиёдро ҷалб кардааст. Дар даврони Ҷорҷ Буши хурдӣ дар Шӯрои амнияти ИМА 204 нафар кор мекард. Барак Обама шумораи кормандонро то 222 кас зиёд намуд ва бо омадани Ҷо Байден теъдоди кормандон то 186 кас кам шуд.

Маъмурияти Трамп ҳоло ният дорад, ки шумораи кормандони Шӯрои амнияти ИМА-ро то 50-60 кас кам кунанд.