СММ гуфтааст, амнияти ғизоии Тоҷикистон дар хатар аст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши нави буҳронҳоии ғизоӣ барои соли 2025 Тоҷикистонро дар минтақаҳои таҳти хатари камбуди озуқаворӣ қарор додааст. Ҳарчанд Тоҷикистон ба шумули кишварҳои дорои буҳрони шадиди ғизоӣ ворид нагардидааст, аммо чун кишвари хеле осебпазир ном бурда шудааст.